Раесати бозрасии давлатии автомобили
БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ (БДА)
Anvar 13.12.2017 Ҷамъият Comments Off on БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ (БДА) 554 Показы
БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ (БДА), шакли махсуси мақомоти идоракунӣ ва назорати давлатӣ, ки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсис дода шудааст. БДА моҳи марти соли 1936 дар марказ ва дар ҷойҳо ба тобеияти Сарраёсати милитсияи коргару деҳқон гузаронида шуда, 3-юми июли ҳамон сол Шурои Комиссариати халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Низомномаро «Дар бораи Бозрасии давлатии автомобилӣ» тасдиқ намуд. Соли 1930 пас аз ба ҷумҳурӣ ворид гаштани корвони аввалини автомобилҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои ташкил намудани хадамоти миллии БДА қарор қабул кард.
Низомномаи Шуъбаи БДА-и Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 19 декабри 1963 ба тасвиб расида, бо фармони Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тахти № 188 аз 27 июни 1964 эълон карда шуд. Моҳи ноябри 1967 Шӯрои Вазирони ИҶШС «Дар бораи рушди бехатарии ҳаракат дар шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва роҳҳои автомобилгард» қарори дахлдор қабул намуд, ки самти асосии фаъолияти БДА-ро оид ба пешгирии фалокатҳои нақлиёт дар роҳ муайян менамуд. Вазифаҳои нав дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, дар сохтор, шакл ва тарзи фаъолияти БДА тағйироти сифатан куллиро ворид намуд. Соли 1980 шуъбаи БДА-и ВКД Тоҷикистон ба Раёсати БДА-и ВКД Тоҷикистон табдил дода шуд. Сараввал ба хайати он танҳо як хадамот – шуъбаи ташкили ҳаракат дар роҳ шомил буд. Соли 1981 иловатан бахши назорати техникӣ, гурӯҳи ташвиқоту тарғибот, бахши тахлилу ҳисоботӣ ва бахши роҳбонӣ таъсис дода шуд. Ин тағйирот асоси воқеии тахассусии кори дастгоҳи марказии БДА-ро ташкил медод.
Бо мақсади хуб ба роҳ мондани танзими ҳаракат дар роҳ, қабул намудани маълумот оид ба хусусияти ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, ҷобаҷогузории аломатҳои роҳ ва кашидани хатҳои амудию уфуқӣ соли 1969 дар таркиби БДА идораи махсусгардонидашудаи васлу истифодабарӣ ва азнавсозии воситаҳои техникии танзими ҳаракат ташкил карда шуд. Ба ҳамин монанд идора моҳи январи 1973 аввал дар назди Ҳукумати шаҳри Душанбе, баъдан соли 1986 дар назди БДА ВКД Тоҷикистон ва соли 2005 дар назди Раёсати ВКД Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» (соли 1995) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали 1998 таҳти рақами №55 Низомномаи БДА ВКД Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи Низомнома ба зиммаи БДА-и ВКД Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои зерин гузошта шудааст:
Иҷрои талаботи шахсони мансабдори БДА ҳангоми дар сари адои вазифаҳои хидматӣ қарор доштаии онҳо барои тамоми ашхос ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳатмист.
Бозрасии давлатиии автомобилӣ хабар медиҳад!
Ҳафтаи сипаришуда кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии ҳолатҳои рух додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ва муайяну ошкор намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднокро тарҳрезӣ ва амалӣ намуд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок давоми санаҳои 22-27 январи соли ҷорӣ ҳамагӣ 3873 адад қоидавайронкуниҳо ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла:
-Аз меъёри муқаррашуда баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт – 126 адад;
-Вайрон намудани қодаҳои мусофиркашонӣ – 318 адад;
-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 157 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 26 адад;
-Истифода набурдани тасмаи бехатарӣ аз тарафи ронандагон ҳангоми ҳаракати воситаи нақлиёт – 486 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 4 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2751 адад;
-Шумораи воситаҳои нақлиёти ба ҷаримагоҳи БДА дастрасшуда – 32 адад;
Дар давраи зикргардида ҳамчунин 5 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ муайян ва ошкор гардиданд, ки баъди гузаронидани санҷиш ва дастрас намудани хулосаи мутахассисони Маркази наркологии Вазорати тандурустӣ оиди дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандагон нисбати ҳар яки онҳо маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёти онҳо ба ҷаримагоҳи Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
Инҳо шаҳрвандон: Холназаров Алишер Юлдошевич – ронандаи автомошинаи тамғаи Лексус 400, рақами қайди давлатиаш 7384СР01
Исоев Сироҷиддин Давлатназарович ронандаи автомошинаи тамғаи Опел, аломати қайди давлатиаш 9394АК08
Ҳайдаралиев Зафар Эназарович – ронандаи автомошинаи Тайёта-Авенсус, аломати қайди давлатиаш 7787СО01
Баротов Далер Ҳамидҷонович – ронандаи автомошинаи мусофиркаши Мерседес-Бенс, аломати қайди давлатиаш 4645ВХ01
Ҳайдаров Насрулло Анварбекович – ронандаи автомошинаи тамғаи Опел-Астра, аломати қайди давлатиаш 1208СТ01
Ҷаримаҳои БДА (ГАИ) дар Тоҷикистон
Ҷаримаи Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА), ки онро дар ҷамъияти имруза асосан ба забони руссӣ штраф мегӯянду барои содир кардани қоидавайронкунии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандагон – соҳибони нақлиёт ба вуқуъ мепайвандад ва маблағи муайянеро дар назар доранд.
Мувофиқи қонуну қоидаҳои Тоҷикистон маблағи ҷарима бояд ба хазинаҳои БДА «Амонатбонк» супорида шаванд ва ё агар корманди Бозрасии автомобилӣ пешниҳод кунад ки дар ҷойи содир кардан ҳаққи ҷаримаро супорад ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод кунад пас ягон малол нест.
Дар поён ҷадвали андозаи ҷарима барои содир кардани қойидавайронкунӣ дар Тоҷикистон оварда шудааст (соли 2018).
Агар шуморо корманди БДА (ГАИ) ҷаримабандӣ кард пас аз шумо ҳуҷҷати ронандагӣ (права) ва варақаи сабти ҷаримаҳоро мегирад ва ба дастатон баъди протокол намудан варақаи махсус ки номаш «Иҷозатномаи муваққатӣ» мебошад, медиҳад, ки муҳлаташ то 1-моҳ мебошад. Ҳуҷҷатҳои гирифташудаи корманди БДА барои баррасӣ ба шуъбаи БДА маҳалли зисти ронанда ирсол мешавад, ки баъди ситони ҷарима ҳуҷҷатҳо ба ронанда баргардонида мешавад. Ин ҳам дар ҳоле ба вуқуъ мепайвандад агар ҳолати кор вазнин набошад.
Солҳои охир барои муайян кардани ҳаҷми ҷарима хизматрасониҳои махсус кушода шудаанд ки ба мардум тариқи онлайн гирифтани маълумот имконпазир шудаас. Яке аз роҳи муайян кардан ин тавассути равон кардани паёмак (SMS) тавассути телефонии мобили ба рақамҳои махсус. Масалан барои муштариёни ширкати Индиго (T-Cell) ба рақми 1881 ва ба муштариёни ширкати мобилии Вавилон –М ба рақами «4444» ирсол кардан лозим.
Раёсати БДА сабабҳои ивази шаҳодатномаи ронандагиро шарҳ дод
Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД ҶТ дар робита ба масъалаи иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагӣ, ки 10 сол қабл гирифта шуда буданд, дар сомонаи расмии ВКД шарҳ ба интишор расонид.
Дар зер шарҳи мазкурро манзуратон мегардонем:
« Тибқи тағйиру иловаҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 103 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ» ворид карда шудааст, шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар мўҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, масъалаи аз сари нав гирифтани шаҳодатномаро тақозо менамояд, ки барои ин имтиҳон супоридан шарт нест.
Зарурияти дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани мўҳлати ивази расм дар шаҳодатномаи ронандагӣ, ин мутобиқат накардани расми ронандагон дар ҳуҷҷатҳои мазкур бо намуди зоҳирии онҳо мебошад. Ин ҳолат дар аксар давлатҳо бахусус дар қаламрави Федератсияи Россия, ки мўҳлати истифодабарии ҳуҷҷати ронандагӣ 10 сол муқаррар гардидааст, низ ба назар мерасад ва мушкилот нисбати муҳоҷирони мо эҷод менамояд. Зеро дар ин муддат ҳуҷҷатҳои ронандагӣ фарсуда ва дар баъзан ҳолат корношоям гардида, симои зоҳирии соҳиби шаҳодтнома низ, тағйир меёбад.
Сабаби дигар, ин талаботи Созишномаи Вена оиди ҳаракат дар роҳ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин Созишнома шомил буда, он қоидаи ҳаракат дар роҳ ва як қатор талаботу ҳуҷҷатҳои дигарро ба танзим медарорад.
Мувофиқи талаботи нав ҳуҷҷатҳои ронандагии миллӣ дар ҳама кишварҳои узви Созишномаи Вена, бланкаи якхела истифода гардида, дар он сатрҳо рақамгузорӣ шуданд, ки ҳар рақам ба сатри мувофиқ ба талаботи Созишнома мебошад.
Мақсади асосии тағйирот ин ба стандарти ягона даровардани ҳуҷҷати ронандагӣ буда, сатр ва ҷойгиршавии маълумоти ҳуҷҷатҳои ронандагии Тоҷикистон аз давлатҳои Аврупо фарқ нахоҳад дошт.
Бо ҷорӣ шудани намунаи нави ҳуҷҷатҳои ронандагӣ шаҳрвандони мо дар Руссия ва дигар кишварҳои узви ин Созишнома метавонанд воситаҳои нақлиётро идора намоянд.
Иваз кардани шаҳодатномаи ронандагии айни замон амалкунанда аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли хизматрасонии ҷойи зист дар асоси пешниҳоди ариза, маълумотномаи коршоямӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти дорои категорияҳои дахлдор будани ронанда , шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони сабти қоидавайронкунӣ, инчунин пардохти маблағи бланкаи шаҳодатномаи ронандагӣ (25 сомонӣ), талони қайди қоидавайронкунӣ (9 сомонӣ), гирифтани расм (2 сомонӣ) ва арзиши варақаи квитансия (6 дирам), ҷамъ (36 сомонию 6 дирам) анҷом дода мешавад ».
Раесати бозрасии давлатии автомобили
Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан запись закреплена
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ барои иваз кардани шаҳодатномаҳои кӯҳна то 1 декабр муҳлат медиҳад
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар муҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, нисбат ба ронанда муҷозоти дар моддаи 314 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда татбиқ карда мешавад.
Ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки то 1 декабри соли равон ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд.
Шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд